Дар Австрия дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНИДО баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар шаҳри Венаи Австрия Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Директори иҷроия, иҷрокунандаи вазифаи директорати инноватсияҳо дар самти Ҳадафҳои рушди устувор ва табодули иқтисодии ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) Провиденс Мавуби вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИДО–ро дар самтҳои рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкории инноватсиониро баррасӣ намуданд.
Инчунин дар ин рӯз вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини Директори генералӣ ва Директори иҷроияи директорати ҳамкории техникӣ ва рушди устувори саноатии ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) Сийонг Зоу баргузор гардид.
Ҳамсуҳбатон ташаббусҳои ҷорӣ ва ҳамкории техникӣ дар самтҳои саноат, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаҳо ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз дошт, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид шуда истодааст. Дар ин замина метавон гуфт, ки рушди саноат, рақамикунонии соҳаҳо, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди сабз самтҳои асосии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд






