Имрӯз дар «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор мешаванд

Июнь 28, 2026 07:26

ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  яке аз ҷашнҳои қадимаи аҷдодони мо — тоҷикон,  ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни обу ободии инсон ва  ҷашни тобистон — Тиргон таҷлил мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон»  баргузор мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷашнгоҳ – «Боғи Ирам»  кишоварзони мамлакат  аз навъҳои гуногуни зироат бо ороиши махсус манора омода карда, беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт  намуданд. Инчунин даҳҳо намуди меваю сабзавот, аз ҷумла себ, гелос, шафтолу, анҷир, олуча, олу, қулфинай,  полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд ба намоиш-фурӯш гузошта шудаанд,  ки маротибаи дигар сарзамини неъматофарин будани Тоҷикистонро собит менамояд.

Инчунин дар ин ҷашнгоҳ навъҳои гуногуни зардолуи тару тоза ва хушкмеваҳои дигар низ пешниҳод шудаанд. Аз ҷониби кадбонуҳои  шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз меваи зардолу навъҳои гуногуни шарбату обмева омода шуда,  манзури иштирокдорон гардидаст.

Олимони соҳаи кишоварзӣ  ба меҳмонон оид ба парвариши ниҳолҳои зардолу варақаҳои иттилоотӣ омода намуданд. Меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон пайдо карданд, ки аз ҷашнгоҳ маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.

Дар назар аст, ки  имрӯз барномаи фарҳангӣ доир шуда, кишоварзони фаъоли мамлакат қадрдонӣ гарданд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҷашн тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва баҳра бурдан аз таҷрибаи деҳқонон аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июнь 28, 2026 07:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст