Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар майдони Парчами давлатии шаҳри Бохтар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба қабули пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Тазаккур бояд дод, ки дар доираи ин ҳамоиш аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» низ гузаронида шуд. Зимни баргузории он 2 ҳазор варақа ба сокинону меҳмонони шаҳри Бохтар тақдим гардид. Ҳадаф аз ин иқдом, пеш аз ҳама, огоҳсозии мардум аз ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиат аз он барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам Тоҷикистон арзёбӣ шуд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз намуд, ки «ташаббусҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ беназир ва саривақтӣ буда, ба ҳалли мушкилоти минтақа ва ҷаҳон мусоидат менамоянд. Ҳадафи ташаббуси навбатии Роҳбари давлати Тоҷикистон мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомули нек байни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон бо дарназардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар раванди таҳияи сиёсат ва қабули қарорҳо мебошад».
-Боиси хушнудӣ ва басо рамзист, ки қабули ин қатънома ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад. Ин рӯйдоди муҳими ҷаҳонӣ барои миллати тоҷик дастоварди арзишманд дар самти муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад,-афзуд ӯ.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода аз номи 1 миллиону 53 ҳазору 100 сокини ҷавони вилоят қабули пешниҳоди навбатии Пешвои миллатро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ муборак гуфта, онро рӯйдоди фараҳбахш ва намунаи олии сиёсати башардӯстона арзёбӣ намуд.
Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён аз ташаббус ва корнамоиҳои сатҳи ҷаҳонии Роҳбари давлат ёдоварӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин абармарди сиёсат бо иқдомҳо ва ташаббусҳои неку созанда дар ҷаҳон эътироф гаштааст, ки ин барои мардуми сарбаланди тоҷик ифтихори бузург мебошад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






