Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид

Июнь 25, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/.  24 июн дар мавзеи таърихии  «Теппаи Қӯрғон»-и шаҳри Бохтар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ — муҳимтарин омили рушди ҷомеа» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз дошт, ки барқарор гардидани сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо барои таъмини амнияти мамлакат замина гузошт, балки барои рушди минбаъдаи низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон шароити мусоид муҳайё кард. Дар натиҷа, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, ба марҳилаи рушди устувори давлатӣ ворид гардад.

Таъкид шуд, ки омӯзиши нақш ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории муосири Тоҷикистон аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дошта, барои дарки равандҳои рушди ҷомеаи тоҷик муҳим мебошад.

Иштирокчиён зимни сухан гуфтан аз аҳамияти сарнавиштсози баргузории Иҷлосияи XVI Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи сиёсӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа ёдовар шуданд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби аҳли ҳунар суруду таронаҳои тараннумгари муҳаббати Ватан ва  ваҳдату ягонагии миллат пешниҳод гардид.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Июнь 25, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид