Дар Бохтар масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ шуд

Июнь 2, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо  Агентии байналмилалии неруи атомӣ  (МАГАТЭ), аз ҷумла дар вилояти Хатлон як қатор лоиҳаҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, марказҳои саратоншиносии вилоят бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои ултрасадо, рентгени рақамӣ, маммографияи рақамӣ ва томографияи компютерӣ таъмин шудаанд, ки барои ташхиси барвақтии бемориҳои саратонӣ ва баланд бардоштани сифати табобат аҳаммияти калон доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ таҳти роҳбарии Стейскал Сандра Мари мулоқот намуда,  масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти рушди соҳаи тандурустӣ, мубориза бо бемориҳои саратон, такмили ихтисоси мутахассисон ва истифодаи технологияҳои муосири тиббиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки  мубориза бар зидди бемориҳои саратон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва омодасозии кадрҳои баландихтисос тадбирҳои муассир меандешад.

Раиси вилоят аз сатҳи баланди ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ин ҳамкорӣ дар солҳои охир барои рушди инфрасохтори тиббӣ ва беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Гуфта шуд, ки аз дастгирии МАГАТЭ дар самти такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи тандурустӣ, табибони вилояти Хатлон тавассути барномаҳои байналмилалӣ имкони омӯзиш ва азхудкунии таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро соҳиб гардидаанд.

Раиси вилоят омодагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро барои густариши ҳамкорӣ бо МАГАТЭ дар самтҳои рушди технологияҳои тиббӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва таъмини амнияти радиатсионӣ иброз намуда, изҳор дошт, ки натиҷаҳои вохӯрӣ имрӯза барои татбиқи лоиҳаҳои нав ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Намояндагони МАГАТЭ аз раванди корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои идомаи дастгирии техникӣ ва омӯзиши мутахассисони тоҷик арзёбӣ намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 2, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст