Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид

Июнь 23, 2026 16:12

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Иҷлосияи 20-уми Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (PUIC) дар шаҳри Боку, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, пешбурди муколамаи тамаддунҳо, густариши дипломатияи фарҳангӣ ва таҳкими нақши парлумонҳо дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки бо роҳнамоии арзишҳои бунёдии эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамбастагии байналмилалӣ, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории мутақобилан судманд, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва санадҳои байналмилалӣ инъикос ёфтаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муколамаи байнифарҳангӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раиси Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё аз ҳамкории созанда ва саҳми арзишманди парлумонҳои давлатҳои аъзо дар пешбурди рӯзномаи умумии Осиё дар самтҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона қадрдонӣ менамояд.

Дар ҷаласа дар бораи омодагии Тоҷикистон барои баргузории ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё  дар рӯзҳои 24 то 27 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни мубодилаи афкор иштирокчиён саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим, таҳкими амнияти байналмилалӣ, пешгирии таҳдидҳои муосир ва рушди фарҳанги сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуданд. Дар ин замина, нақши Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор ва ҷонибдори пайгиронаи ҳамкории бисёрҷониба, муколамаи тамаддунҳо ва арзишҳои башардӯстона махсус таъкид гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён омодагии худро барои идомаи ҳамкории созанда дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё ва иштироки фаъол дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе изҳор намуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои муштарак оид ба таҳкими сулҳ, субот, рушди устувор ва ҳамгироии минтақавӣ комёбиҳо орзу намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2026 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид