Дар Бонки миллӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ ҳамоиш баргузор шуд

Июнь 15, 2026 13:50

ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба марҳилаи муҳими омодагӣ ба баҳодиҳии мутақобила ворид гардидааст, ки он 3 августи соли 2026 расман оғоз меёбад. Дар доираи он ҷумҳурӣ бояд саволномаи мутобиқати техникӣ ва баъдан нишондиҳандаҳои самаранокии низоми миллиро пешниҳод намояд. Чунин иброз намуд Директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Ҳалим Мирзоалиев дар ҳамоиши муштараки омӯзишӣ, ки дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО МҚД/МТ) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш бо ташаббуси Котиботи Гурӯҳи Авруосиё ва дастгирии Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия гузаронида шуда, самташ ба баланд бардоштани сатҳи омодагии намояндагони ҷумҳурӣ – гурӯҳи коршиносони миллӣ аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, сохторҳои назоратӣ, бахши молиявӣ ва ғайримолиявии хусусӣ равона гардид.

Иштирокдорон мувофиқи самтҳои фаъолияти худ дар машғулияту муҳокимарониҳо иштирок намуданд, ки дар онҳо масъалаҳои баҳодиҳии хавфҳо ва самаранокии низоми назоратӣ дар ҳамбастагӣ бо намояндагони мақомоти назоратӣ баррасӣ гардид.

Дар ҳамоиш таваҷҷуҳ ба истифодаи иттилооти иктишофи молиявӣ, тафтиши ҷиноятҳо ва механизмҳои мусодира ва баргардонидани дороиҳои ҷиноятӣ, масъалаҳои ҳамкории бахши хусусӣ бо мақомоти давлатӣ ва чораҳои пешгирикунанда равона шуд.

Дар ҳамоиш методологияи FATF -Гурӯҳи кории молиявӣ оид ба шустушӯи пул ва талаботи даври сеюми баҳодиҳии мутақобила мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба ин васила масъалаҳои баҳодиҳии хавфҳо, ҳамкории миллӣ ва байналмилалӣ, фаъолияти мақомоти назоратӣ, самаранокии тафтишот ва таъқиби ҷиноятҳо, инчунин мусодира ва баргардонидани дороиҳои ҷиноятӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Ҳамоиш ба таҳкими ҳамоҳангии байниидоравӣ, баланд бардоштани омодагии амалии мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, ҳамчунин тақвияти низоми миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм, маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мусоидат менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 15, 2026 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад