Дар Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 июн дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти гуногуни кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла пиёз, картошка, лаблабуи сурх, карам, шалғам, олу, тарбуз, харбуза, помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар навъҳои меваю сабзавот, инчунин меваҳои хушк ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешаванд.
Дар баробари ин, маҳсулоти саноатии корхонаҳои вилоят, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти нонӣ пешниҳод мегардад.
Ҳамзамон дар доираи намоиш-фурӯш баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони вилоят дар назар дошта шудааст.
Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато ба густариши бозори содиротӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат намуда, имкониятҳои фаровони вилоят дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид






