Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.
Осорхона тибқи нақшаи тадбирҳо барои истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳот дар шафати бинои нави ҷамоати деҳот сохта мешавад.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар назар аст, ки он рӯзҳои тантанаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.
Бунёди осорхона дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт заминаи муҳим барои шиносоии насли наврас бо ин шахсияти бузурги таърих фароҳам меоварад.
Бояд гуфт, ки Нусратулло Махсум яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шуравӣ, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, нахустин роҳбари аввали Тоҷикистон буда, соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии собиқ бекигарии Қаротегин таваллуд ёфтааст.
27 июни соли 2006 хизматҳои арзандаи ин фарзанди баруманди миллати тоҷик қадр гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
19 майи соли равон бо иқдоми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои бузурги миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба Ватан оварда шуд, ки ҳамчун рамзи ворисии наслҳо ва робитаи ногусастании гузаштаи таърихӣ бо имрӯзу ояндаи ҷумҳурӣ, бахше аз маҷмааи миллии ёдгорӣ хоҳанд шуд.
Дар ин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи пораи хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат иштирок намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






