Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд айвони нав (ангар) ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, айвон дар доираи ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар чаҳорчӯби Барномаи ҷаҳонии назорати мусофирон ва боркашонӣ бунёд гардидааст.
Дар маросими ба истифода додани ин иншоот, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода, намояндаи минтақавии UNODC дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Оливер Штолпе, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва кормандони мақомоти гумрук иштирок намуда, бо инфрасохтор ва фаъолияти дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» шинос шуданд.
Гуфта шуд, ки айвони нав барои беҳтар намудани шароити гузаронидани назорати гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии муоинаи борҳо ва таҳкими иқтидори инфрасохтории дидбонгоҳи гумрукӣ, ки дар яке аз қитъаҳои муҳими сарҳади давлатӣ ҷойгир аст, мусоидат хоҳад кард.
Инчунин бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гузаргоҳ таҷҳизоти муосири рентгении назорати гумрукӣ насб гардида, корҳои ҷорӣ оид ба татбиқи барномаҳои идоракунӣ идома доранд. Истифодаи ин таҷҳизот ба баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ, суръат бахшидани раванди барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт ва таъмини амнияти иқтисодии давлат мусоидат менамояд.
Ба иштирокчиён оид ба фаъолияти дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод», нақши он дар таъмини савдои қонунии байналмилалӣ, инчунин пешгирӣ ва ошкор намудани интиқоли ғайриқонунии молҳо, воситаҳои нашъадор ва дигар ашёи мамнуъ тавассути сарҳади давлатӣ маълумот пешниҳод гардид.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






