Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид

Июнь 4, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон машварати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, рисолаҳои диссертатсионӣ ва маҷаллаҳои илмӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки рушди илм, таҳкими фарҳанги таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.

Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Сайфиддин Давлатзода оид ба сиёсати давлатӣ дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, талаботи муосир нисбат ба рисолаҳои диссертатсионӣ, инчунин роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ маърузаи муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамзамон дар машварат масъалаҳои марбут ба тартиби омода намудани рисолаҳои диссертатсионӣ, риояи талаботи меъёрӣ ва пешгирии камбудиҳои маъмул ҳангоми пешниҳоди корҳои илмӣ баррасӣ шуданд.

Инчунин доир ба талабот нисбат ба маҷаллаҳои илмӣ, баланд бардоштани сифати мақолаҳои илмӣ, масъалаҳои индексатсия, риояи меъёрҳои ахлоқи нашриявӣ ва густариши фаъолияти маҷаллаҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ табодули назар намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Июнь 4, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш