Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» таҳти унвони «Дипломатияи байналмилалии сулҳи Пешвои миллат барои насли оянда» ҳамоиши илмӣ–назариявӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, зимни ҳамоиш иштирокчиён аҳаммияти таърихии сулҳу ваҳдати миллиро таъкид намуда, иброз доштанд, ки ҳар як шаҳрванд бояд эҳсоси ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тақвият бахшад. Зеро маҳз ҳифзи сулҳу ваҳдат кафили рушди устувор ва ояндаи дурахшони давлат мебошад.
Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ, пояи асосии сулҳу субот ва рушди устувори давлат ба шумор рафта, бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус таҳкими сулҳу ҳамзистии осоишта, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо кардааст.
Инчунин дар ҳамоиш олимону устодони донишгоҳ доир ба арзиши сулҳ ҳамчун неъмати бебаҳои инсоният ва нақши он дар рушди давлатдорӣ маърӯза карданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир таҳкими сулҳ ва субот бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёбад. Ташаббуси нави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҷавобгӯи ниёзҳои замони муосир буда, барои густариши фарҳанги сулҳ ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу фардо аҳаммияти байналмилалӣ дорад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






