Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон маросими қадршиносии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои донишгоҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологӣ хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷумла, дар озмуни донишгоҳии «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ – 2026» 33 нафар иштирокчӣ бо дипломҳои дараҷаҳои I, II ва III, Сипоснома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар озмуни «Ихтироъкори ҷавон – 2026» 11 нафар донишҷӯ барои пешниҳоди ғояҳо, ихтироот ва лоиҳаҳои эҷодию инноватсионӣ қадрдонӣ шуданд. 2 нафар донишҷӯи фаъолу пешсафи донишгоҳ дар озмуни «Донишҷӯи сол – 2026»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сазовори унвони беҳтарин гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ ҳавасманд гардиданд.
Илова бар ин, ба 33 нафар иштирокчии фаъол ва ғолибони олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ Сипоснома супорида шуд. Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 22 нафар донишҷӯи донишгоҳ сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2 нафар донишҷӯ ҷойҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд. Ҳамчунин дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 1 нафар донишҷӯ сазовори ҷойи дуюм гардид.
Дар идома иштирокчиёни беҳтарин бо Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода аз дастовардҳои донишҷӯён ёдовар шуда, иброз намуд, ки ҷавонони донишгоҳ бо донишу истеъдод, ташаббусҳои созанда ва фаъолияти пурсамари худ пайваста нуфузу мақоми муассисаро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баланд мебардоранд.
«Дастовардҳои донишҷӯён дар самти илм, ихтироъкорӣ, инноватсия, фарҳанг ва ҳунар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти донишгоҳ ба рушди қобилияти эҷодӣ ва илмии ҷавонон мебошад. Чунин чорабиниҳо барои ҳавасмандгардонии донишҷӯён, ташаккули тафаккури навоварона, баланд бардоштани фарҳанги илмӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири оянда заминаи мусоид фароҳам меоранд»,- иброз доштанд аз донишгоҳ.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






