Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи «Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» баргузор шуд

Июнь 17, 2026 08:54

ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи шашуми Кумитаи роҳбарикунандаи «Барномаи  дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа сухан намуда, доир ба аҳамияти идомаи пешбурди ислоҳот дар соҳаи энергетикаи мамлакат  ибрози андеша кард.

Сипас  коршиносони лоиҳа ҳисоботро оид ба рафти татбиқи барнома пешниҳод намуданд, ки натиҷаҳои асосӣ аз оғози амалисозии лоиҳа, ҷамъбасти давраи ҳисоботӣ дар самтҳои ташаккули нархгузории бозорӣ, дастгирии идоракунии бахш, рушди заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақамикунонӣ ва инчунин пешбурди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар бар гирифт.

Самтҳои афзалиятноки фаъолият то анҷоми татбиқи лоиҳа муайян карда шуданд,  аз ҷумла тасдиқи Кодекси энергетикӣ, ташаккули сохтори бозори миллии энергетика, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рақамикунонии соҳа, беҳтар намудани вазъи молиявии соҳа,  таҳкими иқтидори корхонаҳои энергетикӣ ва мақоми танзимкунандаро дар бар мегиранд.

Иштирокдорони ҷаласа оид ба масъалаҳои калидии ислоҳоти соҳаи энергетика мубодилаи афкор намуда, қадамҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳаро муайян намуданд.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 17, 2026 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд