Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил карда шуд

Июнь 28, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Тиргон дар қатори дигар ҷашнҳои бостонии бузурги миллии мо — Наврӯз, Меҳргон, Сада ва амсоли инҳо — ҷойгоҳи хосса дорад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳёи суннатҳои миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтааст. Бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии миллӣ аз нав эҳё гардида, мақоми шоистаи худро дар ҳаёти ҷомеа пайдо намудаанд. Ин матлабро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода имрӯз зимни ифтитоҳи ҷашни Тиргон дар шаҳри Душанбе, ки дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» дар якҷоягӣ бо иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор шуд, баён намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ иттилоъ дод, аз субҳи барвақт дар «Боғи Ирам» сокинону меҳмони пойтахт ҷамъ омада, бо растаҳои ташкилнамудаи кишоварзону ҳунармандон шинос шуданд. Онҳо аз пешниҳоди даҳҳо намуд меваҳои шаҳдбору лазиз ва сабзавоти тару тоза ба кишоварзон изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми онҳоро дар таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Зимни суҳбат сокинон барои ташкили чунин чорабинии муҳим ба Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд. Онҳо, ки қисми зиёдашон бо аҳли оилаашон ба ҷашнгоҳ омада буданд, гуфтанд, ки ҳам маҳсулоти дилҳоҳашонро бо нархи арзон дастрас намуданд ва ҳам бо фарзандон якҷоя барномаи хуби фарҳангиро тамошо карда, болидаруҳ гаштанд.

«Ба ғайр аз ин, мо дар бораи иди Тиргон, ки қаблан, рости гап дар ин хусус умуман чизе намедонистем, маълумоти муфассал гирифтем. Ифтихор мекунем, ки ҷашнҳои бостонии мо аз нав дар шакли муосир эҳё мешаванд»,-иброз доштанд онҳо.

Намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» ҳам тамошобини зиёд дошт. Дар он даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева бо сифати баланд дар борҷомаҳо бандубастшуда пешниҳоди иштирокдорон гардида буд. Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт ин маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намуданд.

Дар ҷашнгоҳ дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта шуд. Сокинон аз олимон, коршинос ва деҳқонони ботаҷриба оид ба тарзи парвариши ин ё он навъи растанӣ маслиҳат мегирифтанд.

Дар фарҷом иштирокдорони фаъол бо Диплом ва Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳирҷон САИДЗОДА (АКС),

АМИТ «Ховар»

Июнь 28, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд