Дар Душанбе даври сеюми Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид

Июнь 24, 2026 13:18

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ – Корея» доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд, дар кори форум роҳбарону намояндагони марказҳои пешбари таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, коршиносон, намояндагони созмонҳо ва фондҳои байналмилалӣ, инчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии ҳамоиш таҳкими муколамаи стратегӣ ва густариши ҳамкории бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки форум имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея муайян шуда, муҳокимаҳо дар сатҳи марказҳои таҳлилӣ бо самтҳои сиёсати давлатӣ ҳамоҳанг гарданд. Ҳуҷҷати мухтасар ва амалии ҷамъбастӣ таҳия гардида, пеш аз баргузории саммит ба вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои иштирокчӣ пешниҳод карда шавад.

Барномаи форум дар чор ҷаласаи мавзуӣ гузаронида шуд. Зимни ҷаласаҳо масъалаҳои шарикии мутақобилан судманд байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, афзалиятҳо ва имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон ба таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию иртиботӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи об ва муҳити зист диққати махсус зоҳир карда шуд.

Инчунин иштирокчиёни ҷаласаҳои форум масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди «сабз», рушди энергетикаи барқароршаванда ва технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, рушди механизмҳои сохтмони «сабз» ва ташаккули фарҳанги муносибати оқилона бо партовҳои сохти маиширо муҳокима карданд.

Натиҷаи форум ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея мусоидат намуда, барои таҳияи равишҳои нави амалӣ барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва дарозмуддат замина мегузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2026 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд