Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология дар мавзуи «3F Forum Tajikistan 2026» оғоз гардид, ки то 5 июн идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки ташаккули як долони сабзи минтақавӣ барои ба роҳ мондани механизми ҳамкории фаромарзӣ барои соҳибкор-занон дар соҳаи инноватсия, технология ва сармоягузорӣ аз ҳадафҳои Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология дар мавзуи «3F Forum Tajikistan 2026» арзёбӣ мегардад.
Дар форум ҳайатҳои соҳибкорзанон аз давлатҳои минтақа, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои хусусӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкории занон дар соҳаҳои инноватсия, технология ва сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






