Дар Душанбе марҳилаи дуюми ҳакатони минтақавии «Ҳалли сабз ва рақамӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид

Июнь 4, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюми ҳакатони* минтақавии «Ҳалли сабз ва рақамӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар медиҳад, ҳадафи асосии ҳакатон рушди малакаҳои сабз ва рақамии ҷавонони Осиёи Марказӣ буда, ба эҷоди технологияҳо ва хизматрасониҳои инноватсионӣ барои рушди устувор, инчунин фароҳам овардани шароит барои татбиқи онҳо дар бахши воқеии иқтисодиёт равона шудааст. Шарикони ташаббус Иттиҳоди байналмилалии алоқа ва дигар созмонҳои байналмилалии рушд мебошанд.

Дар доираи марҳилаи дуюм ҳафт даста лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуданд, ки ҳар кадоми онҳо роҳи ҳалли инноватсионӣ ва рақамиро барои ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ пешниҳод мекарданд. Иштирокдорон сатҳи баланди омодагӣ, муносибати эҷодкорона ва талоши худро барои саҳмгузорӣ дар рушди устувори минтақа нишон доданд.

Дар натиҷаи интихоби озмунӣ се даста аз Тоҷикистон ба даври ниҳоии ҳакатон роҳ ёфтанд, ки аз 25 то 27 июни соли равон дар соҳили кӯли Иссиқкӯл дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад. Дар марҳилаи ниҳоӣ иштирокдорон имконият пайдо мекунанд, ки лоиҳаҳои худро ба сармоягузорон, корфармоёни эҳтимолӣ ва коршиносони байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои дастгирӣ ва рушди минбаъдаи ташаббусҳои худ рақобат намоянд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳакатон* — як формати махсуси мусобиқа аст, ки дар он иштирокдорон дар муддати хеле кӯтоҳ роҳи ҳалли масъалаи додашударо таҳия мекунанд.

Июнь 4, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд