Дар Душанбе масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд дар соҳаи обрасонӣ ва санитария баррасӣ шуд

Июнь 2, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ ислоҳоти васеъмиқёсро дар бахши об амалӣ намуда, «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария барои солҳои 2025-2029»-ро қабул намудааст. Дар ин хусус зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари Намояндагии минтақавии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Осиёи Марказӣ хонум Севал Гузелкилинк дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории башардӯстона, таҳкими устувории ҷомеаҳо, рушди соҳаи обрасонӣ ва санитария мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

‎ Далер Ҷумъа гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки масъалаҳои вобаста ба об на танҳо ҷанбаи экологӣ ва инфрасохторӣ дошта, балки барои рушди устувор, тандурустии аҳолӣ, амнияти озуқаворӣ, суботи иҷтимоӣ ва пешгирии хавфҳои башардӯстона аҳамияти калидӣ доранд.

Дар ин замина, фаъолияти Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар самти беҳтар намудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, бахусус дар минтақаҳои дурдасту кӯҳистон, баланд арзёбӣ гашт.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 2, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст