Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои асосии мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини президенти ширкати «PowerChina Group» Чен Гуанфу буд, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби технологияҳои муосир ва рушди инфрасохтори энергетикии мамлакатро баррасӣ намуданд.
Хусусан масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон дар меҳвари мулоқот қарор гирифт. Дар ин замина, ҳамсуҳбатон раванди корҳои то имрӯз анҷомдодашуда, натиҷаҳои марҳилаҳои омодасозии лоиҳа ва дигар ҷузъиёти иқтисодиву техникии вобаста ба татбиқи ин лоиҳаро муҳокима намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






