Дар Душанбе Намоиши байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, оғоз гардид. Намоишгоҳ имрӯз аз соати 10:00 то 17:00 ва рӯзҳои 19 — 20 июн аз соати 09:00 то 18:00 идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар намоишгоҳ ширкатҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Русия, Покистон ва Эрон иштирок менамоянд.
Дар доираи намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тиббӣ ва асбобҳои тиббӣ, инчунин ширкатҳои фарматсевтӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Марказҳои саломатӣ ва осоишгоҳҳо хизматрасониҳои худро муаррифӣ хоҳанд кард. Иштирокчиён ва меҳмонон метавонанд бо платформаи IT — замимаи мобилӣ, ки ҳамчун хидмати онлайн барои ҷустуҷӯи доруворӣ фаъолият мекунад, шинос шаванд.
Инчунин истеҳсолкунандагонӣ ватанӣ ва хориҷии маҳсулоти ороишӣ ва навъҳои гуногуни онро пешниҳод менамоянд.
«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026» як платформаи самараноки B2B ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин намоишгоҳ вохӯрӣ, рӯнамоӣ ва машваратҳо бо иштироки мутахассисони пешбари соҳа баргузор хоҳанд шуд.
Ҳамчунин намоишгоҳ барои мутахассисони соҳа (табибон, косметологҳо, соҳибкорон) ва ҳам барои доираи васеи шаҳрвандоне, ки ба тамоюлҳои тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳ доранд, боз хоҳад буд.
Дар доираи намоиш меҳмонон метавонанд маҳсулоти соҳаи зебоӣ ва нигоҳубини шахсиро бо нархҳои тахфифӣ дастрас намоянд.
АКС аз бойгонӣ








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






