Дар Душанбе рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маориф, таъминоти об, беҳдошт ва санитария (WASH), инчунин дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода бо Директори Бонки Олмонии рушд (KfW) оид ба Осиёи Марказӣ Петер Георгиев мулоқот намуда, таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаи «Дастгирии рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва дастрасӣ ба инфрасохтори таъминоти об, санитария ва беҳдошт (WASH) дар деҳот», истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои пешбинишудаи лоиҳа равона карда шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи шарикӣ ва идомаи ҳамкории созанда барои мусоидат ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






