Дар Душанбе раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд

Июнь 24, 2026 15:55

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Виффел ва муовини директори департаменти энергетикаи ин бонк Вероника Кравченко баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, инчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи хос ба навсозии соҳаи энергетикии мамлакат, рушди энергетикаи «сабз» ва ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи энергия зоҳир карда шуд.

Дар фарҷом ҳамсуҳбатон атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

 

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2026 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст