Дар Душанбе таҳти унвони «Забон — рукни муҳими Ваҳдати миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид

Июнь 23, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Забон- рукни муҳими Ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳот хабар доданд.

Дар конфронс иброз гардид, ки забони миллӣ дар раванди ноил гардидан ба Ваҳдати миллӣ нақши муҳим дошта, он дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлоли миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода гуфт, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуд ва он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии мамлакат мавриди истифода қарор дорад. Дар иртибот ба ин нукта, воқеан миллати мо бо вуҷуди он ҳама офатҳову бадбахтиҳои дар тӯли таърих дидааш, маҳз бо ҳифзи забони худ ҳамчун миллати зинда боқӣ мондааст.

Таъкид гардид, ки эҳтироми бепоён ба забони тоҷикӣ доштани Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳояшон баён мегардад, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ-ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.

Маърузачиён иброз доштанд, ки забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад ва он дар таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъ намудани мардум ва таҳкими худшиносию ватандӯстии насли ояндасоз-наврасону ҷавонон нақши муҳим мебозад.

Иштирокдорони конференсия барои татбиқи босамари забони давлатӣ ибрози андеша намуда, дар ин зимн барои равнақи он тавсияҳои муҳим пешниҳод намуданд.

АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад