Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид

Июнь 2, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд, дар фестивал хизматчиёни давлатие, ки тариқи барномаи Бурсияҳо барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS) дар Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон (IUJ) таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.

Дар гӯшаи Тоҷикистон тавассути намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла зардӯзиву кандакориҳо, либосҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас ва чакан таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон, инчунин имкониятҳои сайёҳиву фароғатӣ, сармоягузорӣ, энергетика, захираҳои обӣ ва пиряхҳои мамлакат муаррифӣ гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон

Июнь 2, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа