Дар Форуми сармоягузории СҲШ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими минтақавӣ барои таҳкими ҳамкории иқтисодиву сармоягузорӣ, рушди тиҷорати мутақобила ва густариши шарикии стратегӣ байни давлатҳои аъзо нақши муҳим дошта, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва тақвияти робитаҳои байни соҳибкорону сармоягузорон муҳим арзёбӣ мегарадад. Ин нуктаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти унвони «25 соли фаъолияти СҲШ: якҷоя ба сӯи сулҳи устувор, рушд ва шукуфоӣ» дар Бишкек баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар форум имкониятҳо ва афзалиятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии сармоягузорон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ раиси кумита бо роҳбарону намояндагони мақомоти бахши иқтисодӣ ва сармоягузории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, зимни онҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармояи мустақим ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт баррасӣ шуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






