Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Хатлон дорои беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ буда, дар қаламрави он даҳҳо макони нодири табиӣ, осоишгоҳҳо, минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои муқаддас ҷойгир шудаанд. Чунин иброз намуд Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни баргузории Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат», ки имрӯз дар деҳаи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод оғоз гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ёдгориҳои вилоят аз чашмаҳои мусаффои Чилучорчашма то кӯҳҳои намакпӯши Хоҷа Муъмин, аз водиҳои сабзу хуррами Вахш то манзараҳои афсонавии Балҷувон ва Шамсиддин Шоҳин ва аз шаҳрҳои бостонии Кӯлоб ва Ҳулбук то соҳилҳои зебои обанбори Норакро фаро мегиранд.
Дар вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ, сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд.
Манзараҳои табиати дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Хатлонзамин, рӯду чашмаҳои зулолу шифобахш ва дигар имконияту иқтидори сайёҳии ин минтақа, аз ҷумла шаршараи Сари Хосор, кӯҳи Чилдухтарон, Чилучорчашма, Аҷинатеппа, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Тахти Сангин, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Мавлоно Қутбидин, Шоҳи Хомӯш, Ёрмуҳаммади Валӣ, мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, осорхонаи Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Мир, Қалъаи Муъминобод, шаҳраки Золи Зар, Теппаи Қурғон, маскани Хонақоҳ, Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро ҳар сол садҳо нафар сайёҳон тамошо менамоянд.
Ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нигоҳи самтҳои афзалиятноки соҳа диққатҷалбкунанда ва дорои имкониятҳои рушд мебошанд. Махсусан, мавзеъҳои Тахти Сангин, Чилучорчашма, Чилдухтарон, мақбараи Имом Зайналобиддин, олим ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамоянд. Ҳамин аст, ки ёдгории таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳулбук, Аҷинатеппа, Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва Мамнуъгоҳи «Бешаи Палангон» ба феҳрасти Мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардидаанд ва имкони ҷалби шумори зиёди сайёҳонро фароҳам меоранд.
Вилояти Хатлон макони фарҳангу ҳунар буда, байни мардуми ин минтақа ҳунарҳои чакандӯзию гулдӯзӣ, чӯбтарошию заргарӣ рушд намудааст. Маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти Хатлонзамин чандин намоишгоҳу фестивалҳои сатҳи ҷаҳониро бо ҷилои фарҳанги пурғановат оро додааст. Яке аз роҳҳои дигаре, ки дар вилоят таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб намудааст, ин риояи анъанаҳои қадимаи ҳунармандӣ ва иҷрои расму оинҳои миллӣ аз ҷониби сокинон, хусусан занон мебошад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, сайёҳон ҳангоми сафар намудан ба деҳаҳои вилоят на танҳо маҳсулоти омоданамудаи ҳунармандонро харидорӣ мекунанд, балки дар раванди тайёркунии он иштирок намуда, бо зиндагии мардум аз наздик шинос шаванд. Ин омил низ метавонад боиси зиёд гардидани шумораи сайёҳони хориҷӣ ба деҳаҳои вилоят гардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст






