Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» ифтитоҳ мегардад, ки то 20 июн идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар назар аст, ки маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир гардад. Ҳамчунин дар доираи он Форуми байналмилалии «Имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор мешавад.
Ҳадафи намоишгоҳ дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Имрӯз дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжизюн вохӯрӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС аз бойгонӣ








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






