Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд

Июнь 4, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 04.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Корҳои барқарорсозӣ дар маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом ёфта, аксари иншооти осебдида пурра аз нав барқарор гардида, барои истифодаи сокинон омода карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

3 июн Раиси вилояти Хатлон Давлатӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонӣ дар маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардида, инчунин бо рафти татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ шинос гардид.

Корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон ва сохтмончиёни маҳаллӣ шабонарӯзӣ идома дошта, барои ҳарчи зудтар ба истифода додани хонаҳои нав тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Коргарон ва мутахассисон мекӯшанд корҳои сохтмониро бо истифода аз масолеҳи босифат ва мутобиқ ба меъёрҳои муосир анҷом диҳанд.

Зимни шиносоӣ Раиси вилоят ба масъулини соҳа барои бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи муосир бунёд намудани манзилҳо ва фароҳам овардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида дастуру супоришҳои мушаххас дод.

«Барқарорсозии манзилҳои осебдида бояд дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шавад, то шаҳрвандон ҳарчи зудтар соҳиби манзили муносиб гарданд»,- таъкид намуд Давлаталӣ Саид.

Ёдовар мешавем, ки шаби 1 май бар асари бориши шадид дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҳодисаи нохуши табиӣ–обхезӣ ва сел ба амал омад, ки мутаассифона, боиси талафоти ҷониву молӣ гардид. Мувофиқи маълумот, дар натиҷаи офати табиӣ зиёда аз 10 маҳаллаи шаҳри Кӯлоб ба дараҷаҳои гуногун зарар дидаанд.

Бо вуҷуди мушкилоти пешомада, сокинон бо рӯҳияи баланд ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар корҳои ободониву барқарорсозӣ фаъолона иштирок намуда, барои ҳарчи зудтар ба ҳолати муқаррарӣ баргардонидани шароити зиндагии худ саҳм мегузоранд.

Ҳамзамон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷараёни корҳои барқарорсозиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таъмини ниёзҳои аҳолии зарардида чораҳои иловагӣ меандешанд.

Сокинони маҳаллаҳои осебдида аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дастгириҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки маҳз ба шарофати чунин дастгириҳо имрӯз бо умеду боварӣ ба оянда зиндагӣ карда, манзилҳои худро аз нав бунёд менамоянд.

Ин тадбирҳо бори дигар собит месозанд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шароит паҳлуи мардум қарор дошта, барои таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 4, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд