Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии сулҳ ба хотири наслҳои оянда — иқдоми таърихии Тоҷикистон барои ояндаи башарият» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» Исломбек Зоирзода иброз намуд, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистон идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва башардӯстонаи Роҳбарияти олии мамлакат ба ҳисоб рафта, боз як қадами муҳими кишвар дар самти таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст.
Қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, барои таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни давлатҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни ҳамоиш иштирокчиён оид ба нақши сулҳу ваҳдат дар рушди давлатдорӣ, аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, саҳми ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ маърузаҳои илмӣ намуданд.
Иброз гардид, ки сулҳ ва субот аз ҷумлаи арзишҳои муҳимтарини башарият ба шумор рафта, ташаббуси Тоҷикистон барои эълони «Даҳсолаи байналмилалии сулҳ ба хотири наслҳои оянда» метавонад дар таҳкими ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эҷоди ояндаи устувор нақши муассир гузорад.
Пас аз анҷоми ҳамоиш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва ифтихорофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби омӯзгорону кормандони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат роҳпаймоии осоишта баргузор гардид.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо шиору навиштаҷот ҷонибдории худро аз ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ иброз намуданд.
АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






