Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази омӯзиши модулии шаҳри Душанбе» дар шаҳри Кӯлоб барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯи 52 касбу ихтисос имконият фароҳам оварда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин марказҳо шаҳрвандон метавонанд аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, аз ҷумла таъмиргарони мошинҳои сабукрав, телефонҳои мобилӣ, инчунин дӯзанда, пазанда ва дигар касбу ҳунарҳои серталаб таҳсил намуда, соҳиби малакаи касбӣ гарданд.
Рушди соҳаи саноат дар шаҳри Кӯлоб ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ талаботро ба қувваи кории соҳибихтисос бештар намуда, дар ин замина масъалаи омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи истеҳсолоти муосир аҳамияти махсус касб кардааст. Аз ин рӯ, ин марказҳои таълимӣ фаъолияти худро бо назардошти эҳтиёҷи бозори меҳнат ва дар ҳамоҳангӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ба роҳ мондаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






