Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Ёвон бинои иловагӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Ёвон бинои иловагӣ сохта мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад, бинои нави иловагӣ аз ду ошёна ва 30 синфхона иборат буда, барои 1600 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншоот барои фарогирии бештари хонандагон ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат хоҳад намуд.
Зимни оғози корҳои сохтмонӣ раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз дошт, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии насли наврас тадбирҳои муассир амалӣ шуда истодаанд.
Раиси ноҳия ҳамчунин саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпешаро дар ободонии диёр ва дастгирии соҳаи маориф шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, чунин иқдомҳоро намунаи масъулияти баланди иҷтимоӣ номид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки бинои таълимӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида бо сифати баланд сохта шуда, ба истифода дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






