Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад

Июнь 4, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Айнӣ барои истифодаи самараноки замин ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ тадбирҳои нав амалӣ мегарданд. Бо ин мақсад дар заминҳои корами хоҷагии деҳқонии ба номи Туғрал маротибаи аввал кишти кӯчатҳои помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айни хабар медиҳад, татбиқи чунин усул яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, сарфаи захираҳои об ва рушди кишоварзии муосир ба ҳисоб меравад.

Обёрии қатрагӣ имкон медиҳад, ки об мустақиман ба қисми решаи растанӣ расонида шуда, талафоти он коҳиш ёбад. Ин усул на танҳо истифодаи оқилонаи обро таъмин мекунад, балки барои беҳтар шудани нашъунамои растанӣ, кам гардидани хароҷоти истеҳсолӣ ва афзоиши ҳаҷми ҳосил низ мусоидат менамояд.

Дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим ва зарурати сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ аҳамияти махсус дорад. Дар мавриди ба даст омадани натиҷаҳои назаррас, ин таҷриба дар дигар хоҷагиҳои ноҳия низ густариш дода мешавад.

Ҳамчунин тибқи нақша, пас аз анҷоми корҳои омодагӣ ва насби пурраи шабакаи обёрии қатрагӣ, кӯчатҳои помидор дар майдони муайян шинонида мешаванд.

Мутахассисон умедворанд, ки истифодаи ин технология ба баланд гардидани ҳосилнокӣ ва таъмини бозорҳои маҳаллӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ мусоидат хоҳад намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Июнь 4, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид