Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд

Июнь 3, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии  оқибатҳои офати табиӣ бо ҷалби сохторҳои дахлдор, техникаҳои махсус ва иштироки фаъоли сокинон идома доранд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад, дар натиҷаи боришоти шадид ва омадани сел як қатор иншооти инфрасохторӣ, роҳҳои маҳаллӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, боғу заминҳои кишоварзӣ ва баъзе манзилҳои истиқоматӣ зарар диданд.

Бо дастури роҳбарияти ноҳия барои барқарор намудани шароити зиндагии сокинон ситоди махсус таъсис дода шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ шабонарӯзӣ идома доранд. Инчунин дар назди оромгоҳе, ки аз сел осеб дидааст, корҳои санитариву тозакунӣ ба роҳ монда шуда, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ дар покиза намудани ҳудуд аз лойоба, сангу шағал ва дигар партовҳои овардаи сел саҳми худро мегузоранд.

Ҳамзамон дар роҳи мошингарди ноҳияи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ техникаҳои пуриқтидор сафарбар гардида, роҳ аз сангрезаҳо ва лойобаҳо тоза карда мешавад. Ин тадбир барои таъмини ҳаракати бемамониати нақлиёт ва барқарор намудани робитаи доимии байни маҳалҳо аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамчунин дар манзилҳои истиқоматӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд,  корҳои бартарафсозии харобиҳо ва расонидани кумакҳои аввалиндараҷа идома дошта, ҳолати ҳар як оила мавриди омӯзиш қарор гирифта шуд. Барои барқарор намудани боғҳо ва заминҳои кишоварзии осебдида чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҷараёни тоза намудани заминҳо аз таҳшинҳои сел ва омода кардани онҳо барои истифодаи минбаъда идома дорад.

Корҳои барқарорсозӣ дар ҳамаи мавзеъҳои осебдидаи ноҳия тибқи нақша идома дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои рафъи пурраи оқибатҳои офат ва таъмини амнияти сокинон тадбирҳои иловагиро ба роҳ мемонад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Июнь 3, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид