Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии ҳосили полезӣ идома дорад

Июнь 17, 2026 10:37

ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ ба парвариши ҳама навъҳои зироат машғул гардида, дар кишти такрорӣ аллакай маккаи дон, шолӣ, лаблабуи сурх, карам ва дигар навъҳои зироатро ки ба мавсим мувофиқанд, кишт кардаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Сокини ин ҷамоат Нурмуҳаммад Чориев ҳамасола ба кишту кори полезӣ сару кор дошта, тавассути меҳнати аҳлонаи худ бо хонаводааш ҳосили баланд мерӯёнад. Айни замон аҳли хоҷагӣ ба ҷамъоварии тарбуз машғул буда, маҳсулоти онҳоро соҳибкорони шаҳри Душанбе бо нархи дастрас харидорӣ намуда, ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод менамоянд.

Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Нурмуҳаммад Чориев иброз намуд, ин чиниши аввали тарбуз буда, дар саҳро ҳоло ҳосили пухтарасида зиёд аст. Ӯ азм дорад, ки корҳои агротехникӣ ва додани нуриҳои минералиро анҷом дода, то ду се маротибаи дигар ҳосили дилхоҳ ба даст биёрад. Ба гуфтаи ин деҳқони соҳибтаҷриба, бояд ҳар ниҳоли тарбуз, яъне палакро хуб нигоҳубин намуд, эҳтиёт кардан лозим аст, зеро дар ҳолати  хушк шудани палак тарбузи аз он кандашуда метавонад зуд пажмурда шавад.

«Яке аз омилҳои фаровонҳосилӣ интихоби тухмии хушсифат, коркарди саривақтии агротехникӣ ва додани ғизоҳои минералӣ аз рӯи меъёр мебошад. Истифодаи таҷрибаи муосир, кишти зери плёнка имкон медиҳад, ки ҳар як ниҳоли тарбуз хуб нигоҳдорӣ шавад ва инкишоф ёбад», — таъкид намуд ҳамсуҳбати мо.

Нурмуҳаммад Чориев изҳор дошт, ки пас аз анҷоми ҷамъоварии ҳосил  кишти ҷуворимакка гузаронида, захираи хӯроки чорворо низ таҳия месозад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2026 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд