Дар ноҳияи Деваштич мумфаршкунии беш аз 3 километр роҳ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тибқи нақша, дар марҳилаи аввал 3,1 километр роҳ пурра мумфарш карда мешавад. То имрӯз дар 8 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ мумфарш гардида, вазъи роҳу нақлиёт назар ба солҳои пеш чандин маротиба беҳтар шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 зиёда аз 10 километр роҳи дохилии деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровути ноҳия бо иқдоми сокинон ва соҳибкорон мумфарш карда шуд. Сокинон ва соҳибкорон маблағи барои ҳаҷ ҷамънамудаашонро дар амалишавии ин иқдом сарф намуданд. То 35-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ роҳи деҳаҳои Росровут-Даҳкат-Қалъаи Дӯст, ки 25 километрро дар бар мегирад, пурра мумфарш карда мешавад.
Бояд гуфт, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар тамоми деҳаҳо иқдоми шоиста амалӣ намуда, бо ободу зебо намудани маҳалли зист, аз ҷумла мумфарш намудани кӯчаҳои деҳот намунаи ибрат гардидаанд.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат ёфта, бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва саҳми сокинони ватандӯст даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳо бунёду навсозӣ мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






