Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони мевадиҳанда бунёд гардид. Дар боғ зиёда аз 4000 бех ниҳоли мевадиҳанда, аз ҷумла себу зардолу шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иттилоъ медиҳад.
Бояд гуфт, ки соли 2025 низ дар ин мавзеъ боғ бунёд гардида, ниҳоли дарахтони зардолу, шафтолу, олу, олуболу, нок, гелос, себҳои қадпасту миёнақад ва ниҳоли чормағзи ҳамелӣ шинонида шудааст. Айни замон нисфи ниҳолҳои шинонида нашъунамои хуб доранд. Дар байни қатори ниҳоли дарахтони боғ картошка, сабзӣ, ҷуворимакка ва дигар зироати ба иқлими минтақа мутобиқ парвариш меёбад. Бо афзоиши масоҳати боғ дар ин мавзеъ на танҳо симои табиии деҳа беҳтар мегардад, балки барои сокинон имконияти истифодаи меваи тару тоза ва ташкили ҷойи нави кор низ фароҳам меояд.
Дар ноҳияи Шуғнон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи муҳити зист ва татбиқи «Барномаи давлатии кабудирзоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» майдони боғот сол ба сол васеъ гардонида мешавад.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки «дар мамлакат «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ шуда истодааст. Боғпарварони вилоят бояд дар амалӣ намудани ин барнома саҳми арзанда гузоранд. Дар ин замина, мақсад гузоштаем, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони боғотро дар ҳудуди вилоят васеъ гардонем».
«Барнома бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст», -афзуд Раиси вилоят.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






