Дар ноҳияи Зафарабод беш аз 6 ҳазор гектар ғалладонагӣ кишт карда шудааст

Июнь 25, 2026 08:27

ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Зафаробод беш аз 6200 гектар ғалладонагӣ кишт гардидааст, ки айни замон ҷамъоварии он идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Хоҷагии деҳқонии «Асилбек» дорои 30 гектар замин буда, кишоварзон баъд аз ҷамъоварии ҳосил  кишти техникиро ба роҳ мондаанд. Инчунин имсол  дар 18 гектари он пахта кишт намуданд.

Зафаробод аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд буда, саҳми заркорони ноҳия дар ғанӣ гардонидани хирмани пурбори «тиллои сафед» назаррас аст.

Ҳамчунин дар хоҷагии деҳқонии «Раҳимҷон» дар майдони 2 гектар гандум, 1,5 гектар ҷав ва 4 гектар пахта парвариш карда мешавад. Айни ҳол ҷамъоварии ғалла идома дошта, кишоварзон тасмим гирифтаанд, ки ҳосилро пурра ҷамъоварӣ  карда, заминҳоро самаранок истифода баранд.

Таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳими давлат мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи оқилона ва самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ баъди ҷамъоварии ғалладона аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кишоварзони ноҳия маҳсуб меёбад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 25, 2026 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид