Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашӣ васлу насб карда шуд

Июнь 24, 2026 18:40

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1» мавриди истифода қарор гирифта, корҳо дар агрегати «Мирзочӯл-2» идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Агрегат дорои иқтидори 7 ҳазор киловатт буда, дар як сония то 6 метри мукааб обро интиқол медиҳад. Ба истифода додани ин таҷҳизот имконият фароҳам мегардад, ки таъминоти оби полезии заминҳои кишоварзӣ боз ҳам беҳтар шуда, фаъолияти пойгоҳи обкашӣ самараноктар ба роҳ монда шавад.

Агрегати нав ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба таъмини оби полезӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ васлу насб карда шуд.

Таъкид гардид, ки айни замон дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, 19 агрегати пуриқтидор ва 10 агрегати иқтидорашон хурд насб шудааст. Бо истифода аз ин пойгоҳҳо беш аз 32 ҳазор гектар замини кишоварзии ноҳия бо оби полезӣ таъмин мегардад. Ҳамчунин дар ноҳия 800 адад чоҳи амудӣ мавҷуд буда, дар таъмини оби полезӣ саҳми муҳим доранд.

Зимни ба истифода додани агрегати нав ба масъулон дастур дода шуд, ки барои истифодаи самараноки шабакаҳои обрасонӣ, таъмини саривақтии заминҳо бо об ва нигоҳдории дурусти таҷҳизот чораҷуйӣ намоянд. Дар ин шароит таъмини мунтазами зироат бо об омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон корҳои барқарорсозии қубурҳои баландфишори пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» идома дошта, мутахассисон барои сари вақт анҷом додани ин корҳои муҳими инфрасохторӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 24, 2026 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид