Дар ноҳияи Зафаробод ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо оғоз намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад.
Хоҷагиҳои деҳқонии «Мавҷ-1», «Фаррух-Ш» ва «Дониёр» аз заминҳои ғалладонагӣ киштшуда ҳосили хуб гирифтанд. Кишоварзон иброз доштанд, ки дар заминҳои холишуда кишти такрориро низ ба роҳ мемонанд. Барои рӯёнидани ҳосили дуюм дар заминҳои дараваш анҷомёфта сабзавоту макка, хӯроки чорво кишт карда мешавад. Вазъи нашъунамои дигар зироат низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта шудааст.
Дар ноҳия дар майдони зиёда аз 6200 гектар ғалладонагиҳо кишт карда шудааст, ки аз он 2500 гектар гандум мебошад.
Масъулин барои истифодаи самараноки замин ва гузаронидани кишти такрории зироат ба Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо ва деҳқонон риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникиро тавсия доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






