Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд мавсими оббозӣ оғоз гардида, шиногоҳи соҳили чапи дарёи Сир ба он пурра омода карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, бо фаро расидани мавсими тобистон ва гарм шудани ҳаво сокинон бештар аз мавзеъҳои истироҳатӣ ва шиногоҳҳо истифода менамоянд. Дар ин замина, барои таъмини истироҳати шоистаи шаҳрвандон дар соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, масъалаи амнияти шаҳрвандон дар мавсими оббозӣ таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Раиси вилоят нахуст аз бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр дидан намуда, барои таъмини кумаки саривақтӣ ба шаҳрвандон, махсусан ба шахсони камтаҷриба дар оббозӣ дастур дод.
Инчунин ин бахш бо техника ва таҷҳизоти муосири наҷотдиҳӣ, аз ҷумла заврақҳои моторӣ ва резинӣ, гидросикл, киштиҳои патрулӣ, мошинҳои махсуси наҷотдиҳӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин мебошад. Ҳамарӯза 10 нафар наҷотдиҳандаи ботаҷриба тибқи ҷадвал дар ҳолати навбатдорӣ қарор доранд.
Иброз гардид, ки шиногоҳ бо назардошти меъёрҳои муосир ташкил гардида, барои фароғати сокинон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Дар он шароити мусоид, аз ҷумла ҳавзҳои сунъӣ барои кӯдакон, майдонҳои варзишӣ, аз қабили волейбол ва тенниси рӯи миз, гӯшаҳои фароғатӣ муҳайё гардидааст.
Ҳамчунин дар ҳудуди шиногоҳ соябонҳо, ҳуҷраҳои ивази либос ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои истироҳати бо фароғати шаҳрвандон омода карда гардааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






