Дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқӣ оғоз гардид
ДУШАНЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқии Петербург оғоз гардид, ки он то 26 июн идома меёбад. Дар кори форум Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок дорад.
Тавре аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин форум майдони васеи муколама ва мубоҳисаҳои ҳуқуқшиносон аз як қатор давлатҳои ҷаҳон мебошад. Дар форум вазирони адлияи давлатҳои хориҷӣ, ходимони илмиву амалӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи академӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ширкат иштирок доранд. Дар он доир ба мавзуъҳои мубрами соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоту муаммои татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор менамоянд.
Дар Форуми XIV-уми байналмилалии ҳуқуқии Петербург масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ, аз ҷумла оид ба муҳимияти риояи принсипи баробарӣ аз ҷониби ҳамаи давлтаҳо новобаста аз рушди иқтисодӣ, мавқеи сиёсию ҳарбӣ, нақши ҳуқуқ ва қонун дар замони ҷаҳоншавӣ, амалияи судӣ, арбитражии ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Инчунин доир ба таъмини ҳуқуқии истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ҳуқуқи ширкатҳои тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаи васеи иштирокчиён қарор дода шуд. Дар доираи он Форуми ҳуқуқшиносони ҷавон, муколамаҳо ва конференсияҳои сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи кушоди вазирони адлия иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи муҳими таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор сухан намуд.
Иброз гардид, ки дар шароити муосир маърифати ҳуқуқӣ барои таҳкими давлату давлатдорӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва ташаккули эҳтиром нисбат ба қонун аҳамияти махсус пайдо менамояд.
Вазири адлия иштирокчиёнро бо таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт шинос намуда, афзуд, ки дар ҷумҳурӣ «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020-2030» мавриди амал қарор доранд.
Таваҷҷуҳи махсус ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» зоҳир шуд. Бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул шудааст.
Таъкид гардид, ки ин ташаббус ба муттаҳид намудани саъю кӯшишҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ равона шудааст.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






