Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз дошт, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои онҳо бахшида шудааст.
Таъкид гардид, ки кӯдакон ояндаи миллат буда, таълиму тарбияи дуруст, ҳифзи саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад
«Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад дар муҳити орому бехатар ва пур аз меҳру муҳаббат ба воя расида, имкониятҳои худро пурра амалӣ намояд. Пас, ғамхорӣ ба кӯдакон – ғамхорӣ ба фардои миллат аст», — гуфт Умед Бобозода.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






