Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи физика ва астрономия баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар номинатсияи физика ва астрономия 71 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 31 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типи нав ва 12 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиён донишу малакаи худро оид ба қонунҳои физикӣ, ҳалли масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ, сохтор ва таҳаввули ҷирмҳои осмонӣ, дастовардҳои муосири илм ва дигар масъалаҳои вобаста ба физика ва астрономия муаррифӣ намуданд.
Ҳайати ҳакамон сатҳи дониш, маҳорати таҳлилӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва қобилияти эҷодии иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуда, иштирокчиёни беҳтарин барои иштирок дар даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ба рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон равона шудааст.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид






