Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд

Июнь 23, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободониву фароҳамсозии шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон дар соҳили чапи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, шиногоҳ бо тамоми инфрасохтор аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд сохта шуда, на фақат барои шаҳрвандон, балки барои хориҷиён низ пешбинӣ шудааст.

Бо фаро расидани тобистон ва гарм шудани ҳаво сокинон дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла шиногоҳҳо вақти зиёди худро мегузаронанд. Барои истироҳату фароғати шаҳрвандон дар соҳили Сирдарё ҳамасола шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, майдонҳои истироҳату фароғат, таъмини бехатарии сокинон, соябонҳои истироҳатию обутобдиҳӣ, ҳуҷраҳои ивази либос ва дигар эҳтиёҷоти шиногоҳ муҳайё гардидааст.

Зимни ифтитоҳи шиногоҳ таъкид гардид, ки минбаъд низ чунин мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд гардида, барои кӯдакон ҳавзҳои сунъии махсус низ сохта хоҳанд шуд.

Ба масъулини бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, инчунин дигар сохторҳои дахлдор барои таъмини амнияти шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ, ташкили навбатдории доимии наҷотдиҳандагон ва риояи қатъии қоидаҳои бехатарӣ дастур дода шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 23, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд