Дар Тоҷикистон наздик ба 50 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд

Июнь 29, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 29.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 25 июни соли равон кишоварзони мамлакат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ наздик ба  50 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки аз он 33 458 гектар ғалладонагиҳо, 967 гектар зироати техникӣ, 5194 гектар сабзавот, 2926 гектар полизӣ ва 5377 гектар зироати хӯроки чорво мебошад.­­

Тавре аз Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Тоҷикистон кишти такрорӣ асосан аз моҳи июн то моҳи август гузаронида мешавад. Он баъди ҷамъоварии ҳосили зироати барвақтӣ анҷом ёфта, имконият медиҳад, ки аз як қитъаи замин дар як сол ду ё се ҳосил гирифта шавад. Ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад.

Дар шароити имрӯза истифодаи самараноки замин аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Кишти такрорӣ яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Бо истифодаи дурусти ин усул метавон аз як қитъаи замин дар як сол ду ва ё зиёда ҳосил ба даст овард. Ин усул имкон медиҳад, ки ҳосилнокӣ зиёд гардида, даромади хоҷагиҳо афзоиш ёбад.

Ҳамзамон барои самаранок истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани ду–се ҳосил мувофиқи нақшаи кишти зироати кишоварзӣ,  соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ гузаронидани кишти такрорӣ дар масоҳати 186100 гектар пешбинӣ гардид. Аз он ғалладонагиҳо 111 725 гектар, зироати техникӣ 3730 гектар, картошка 1550 гектар, сабзавот 24 430 гектар, полизӣ 7325 гектар ва зироати хӯроки чорво 37 340 гектар мебошад.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тағйирёбии иқлим ва хушксолӣ  иброз доштанд, «мо бояд барои пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии онҳо ҳаматарафа омода бошем. Мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҷиҳати кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоем».

Сарвари давлат дастуру супориш доданд, ки сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кулли шаҳрвандони мамлакат вазифадоранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман анҷом додани кишти такрориро таъмин намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд