Дар Тоҷикистон низоми электронии E-PERMIT ба кор дароварда шуд
ДУШАНБЕ,01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон низоми нави рухсатномаҳои электронӣ (Electronic permit System) ва платформаи мутамаркази пардохт ба кор даромад, ки раванди таҳия ва мубодилаи рухсатномаҳои нақлиётиро дар мамлакат сода ва рақамӣ мегардонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Низоми нави рухсатномаҳои электронӣ ва платформаи мутамаркази биллингӣ, ки раванди додани рухсатномаҳои нақлиётиро дар ҷумҳурӣ барои ҳамлу нақли байналмилалӣ сода мегардонад ва ба формати рақамӣ табдил медиҳад, бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Ин низом як қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани суръат, шаффофият ва бехатарии хизматрасониҳои нақлиётӣ мебошад.
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Узбекистон расман созишномаи табодули иҷозатномаҳои электрониро (ePermit) имзо карданд. Дар рӯзҳои аввали пас аз оғози кор Тоҷикистон 100 адад рухсатномаи аввалини электрониро тавассути низоми нав ба Узбекистон интиқол дод.
Низоми нави рухсатномаҳои электронӣ ва платформаи ҳисоббаробаркунии мутамарказ дар доираи Барномаи рушди иқтидори долони нақлиётии Транскаспий, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон маблағгузорӣ ва тавассути GIZ (Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон; Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit) амалӣ карда мешавад, навсозӣ шудааст.
Ин ба ширкатҳои нақлиётӣ муҳити бехатар ва ҳамгирошударо барои пешниҳоди дархостҳои дастаҷамъона, идоракунии тақсимоту истифодаи рухсатномаҳо, самаранокӣ ва шаффофияти пардохтҳо фароҳам меорад.
Ҳисоббаробаркунии мутамарказ бо низомҳои бонкӣ ва хизматрасониҳои пардохтҳои мобилӣ ҳамгиро мешавад ва санҷиши онлайнӣ, муқоисаи автоматӣ ва шаффофияти пурраи молиявиро тавассути тадбирҳои боэътимоди ҳифзи маълумот таъмин мекунад. Бо ҷорӣ шудани низоми нав, вақти барои гирифтани рухсатномаи зарурӣ хеле коҳиш ёфт.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст






