Дар Тоҷикистон зиёда аз 32 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст

Июнь 4, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то 30 май 32 ҳазору 174 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Майдони кишт дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 36 ҳазору 171 гектарро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 170 сентнер мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи таҳлилҳои олимон, ҳар сокини ҷумҳурӣ соле ба ҳисоби миёна 130 килограмм картошка истеъмол менамояд, ки дар як сол қариб 1,3 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Ҳарчанд меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 килограмм аст. Яъне барои таъмини аҳолии мамлакат дар як сол тақрибан 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол намудан зарур аст.

Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз истифодаи самараноку оқилонаи замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ вобастагӣ дорад. Агар сокинони мамлакат дар заминҳои наздиҳавлигияшон картошка кишт намоянд, оила бо маҳсулоти худӣ таъмин шуда, захира низ мекунанд.

Ба таъкиди олимони соҳа, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.

Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш мешавад, ки навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд