Дар Тошканд вохӯрии дуюми масъулини аршади Саммити «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» доир гардид

Июнь 18, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар шаҳри Тошканд вохӯрии дуюми масъулини аршад барои омодагӣ ба нахустин Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Идибек Қаландар роҳбарӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба мавзуъҳои гуногуни тадорукотӣ ва мундариҷавии нахустин Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» табодули афкори намуданд.

Дар ҳошияи вохӯрӣ муовини Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея хонум Ий Ҳэ Сисилиа Чон мулоқот намуд.

Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории  гуногунҷанбаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 18, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд