Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд

Июнь 27, 2026 18:00

ВАРЗОБ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» доир гардид. Дар хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки маънии калимаи ваҳдатро поягузори сулҳи тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб шарҳ додаанд, ки: «ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти мамлакатамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки бо таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ, мардуми Тоҷикистон ба дастдовардҳои бузург ноил гашта, кишвари мо сол сол ободу пешрафта мегардад. Вақте мо дар бораи ваҳдати миллӣ ҳарф мезанем, бояд фаромӯш накунем, ки ҳар яки мо як сипари ваҳдат ҳастем. Ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу оромӣ ва суботи мамлакат дар якҷоягӣ талош намоем.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Июнь 27, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд